Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Агар вуҷуди араз тобеи маҳал набувад,

Агар вуҷуди араз тобеи маҳал набувад, Ба ғайри лаъли ту ҷони маро халал набувад. Зи нуктаи даҳанат кист то занад ҳарфе, Чӣ муддаӣ, ки аз ин нукта дар ҷадал набувад. Чунин, ки масъалаи куҳл шуҳрате дорад, Ба ҷуз шарофати он чашми муктаҳал набувад. Ба ҳарза даст мазан бар амомаи зоҳид, Нигар сари амак, эй нури дида, кал набувад. Чу аз ҳадиси лабаш нукта мезанӣ, Шоҳин, Чӣ гуна ҳарфи туро лаззати асал набувад.