Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Ҳаргиз зи ман мабод, ки з-инсон хато равад,

Ҳаргиз зи ман мабод, ки з-инсон хато равад, К-аз зулфи ӯ киноя ба мушки Хито равад. Бо нақши пои ӯ, ки бувад қиблаи мурод, Файзи иҷобат аз кафи дасти дуо равад. Дил мебарад зи лаъли туам орзуи ком, Бигзор, то мариз ба дорушшифо равад. Хурдам ба хоки пои ту аз бас ба кеши ишқ, Савганд набвад он, ки ба номи Худо равад. Ҷуз ман, ки даст бар сари зулфи ту мезанам, Ку заҳрае, ки кас ба дами аждаҳо равад. Мо ҳам ба хоки майкада хоҳем ҷабҳа суд, Гар шайхи хонақоҳ ба рӯи ҳаво равад. Шоҳин ниҳад ба хоки дарат ҷабҳаи умед, Маҷнун аз остонаи Лайлӣ куҷо равад?