То дил андар хами он зулфи парешон наравад,
То дил андар хами он зулфи парешон наравад,
Сари шӯридаи ман бар сари сомон наравад.
Нест сарве ба чаман, к-аз сари хиҷлат шуда об,
Дар қадамҳои ту, эй сарви хиромон, наравад.
Сокини савмааро дағдағаи кӯи ту нест,
Он, ки хӯ кард ба гулхан, ба гулистон наравад.
Нашавад то ба гиребони қабои ту гиреҳ,
Чун шикан дасти ман аз гӯшаи доман наравад.
Кулфати чоҳ кифояст, бигӯ Юсуфро,
Гар Зулайхо накунад ҷавр, ба зиндон наравад.
Ҳар киро гӯш ба гулбонги саҳаргоҳи ман аст,
Ёдаш аз замзамаи мурғи саҳархон наравад.
Домани васли ту мушкил шавад аз чанги рақиб,
Ҳамчу ҷон аз тани афсурда, ки осон наравад.
Рояти назм чу Шоҳин ба Бухоро афрохт,
Гар сухан қаҳт шавад, нукта ба Фарғон наравад.