Фикри хамӯшии ту ҳаловатасар шавад,
Фикри хамӯшии ту ҳаловатасар шавад,
Чун нола уқда шуд, ба дили найшакар шавад.
Дил дар шиканҷи зулфи ту хоҳад ватан гузид,
Ин байзаро гузор, ки ошуфтатар шавад.
Чашме, ки нангарад ба ту, он чашм кӯр бод!
Гӯше, ки нашнавад зи ту, он гӯш кар шавад!
Бар ман хабар расид, ки шуд муҳтазар рақиб,
Кардам дуои хуш, ки аз ин ҳам батар шавад.
Шоҳин, агарчи шубҳа наёмӯхт, одам аст,
Эй муддаӣ, мабод касе чун ту хар шавад.