Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Он, ки ба хубӣ масали моҳ буд,

Он, ки ба хубӣ масали моҳ буд, Моҳвашон чокару ӯ шоҳ буд. Он чӣ зи лаб гул кунадам, нола аст, Он чӣ зи дил сар кашадам, оҳ буд. Ҳосили мо мояи беҳосилист, Донабари хирмани мо коҳ буд. Ҳеҷ суи Каъба напайвандаме, Гар ба дари майкадаам роҳ буд. Маслаки таҳқиқ, ки Шоҳин супурд, Бадрақааш тинати огоҳ буд.