Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Дар таҳайюр баски дар вайронӣ ободам кунанд,

Дар таҳайюр баски дар вайронӣ ободам кунанд, Ку шикасти ранг, то таъмири бунёдам кунанд? Он қадарҳо шахси ман маъдуми мутлақ нест, нест, Гар яке ойина бардоранд, эҷодам кунанд. Аз сабуквазъӣ зи ҳарфи мардум оям дар ситез, Шуълаам, яъне ба таҳрики нафас бодам кунанд. Мебарандам шишаҳо ҳар як ба афсуни дигар, То магар овораи мулки паризодам кунанд. Аз сияҳбахтон набояд ҷуст ғайр аз хомӯшӣ, Сурма болидам, чӣ сон таклифи фарёдам кунанд? Мекашанд охир зи ҷонам нолаи «Во ҳасрато!», Гарчи дар аввал ба афсуни амал шодам кунанд. Ҳар нафас, Шоҳин, ба ақди наварӯси маъние, Ҳаҷлаи андеша ороянду домодам кунанд.