Вақти он шуд, ки ҳарифон майи гулранг зананд,
Вақти он шуд, ки ҳарифон майи гулранг зананд,
Майи гулранг ба оҳанги дафу чанг зананд.
Ошноӣ натавон кард ба хубон, ки агар
Аз сари сулҳ дароӣ, сухан аз ҷанг зананд.
Аз рақибони ту дар чанги бало афтодам,
Ё Раб, ин тираниҳодон ба бало чанг зананд.
Ба сари сабза нишинанду лаби оби равон,
Гоҳ сабзоб бинӯшанду гаҳе банг зананд.
Сӯфиёнро набувад гар ҳаваси сим, чаро,
Чун хари гурсина дар савмааҳо ҳанг зананд?
Бар сари кӯи ту арбоби ҳасад бисёранд,
Ки агар пой ниҳам, бар сари ман санг зананд.
Ман ба сад ҳила лабе тар нанамудам аз ту,
Дигарон ҷоми лаболаб ба чӣ найранг зананд?
Мениҳанд аз сари таслим сар андар қадамат
Шаҳриёрон, ки қадам аз сари авранг зананд.
Хӯрда бар гуфтаи Шоҳин натавонанд гирифт
Нуктасанҷон, ки дам аз донишу фарҳанг зананд.