Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Ҳоҷиби кӯи ту дар бар рухи мо во накунад,

Ҳоҷиби кӯи ту дар бар рухи мо во накунад, Чӣ кунад банда, ки ҷуз кӯи ту маъво накунад?! Мекунад дард зи ҳар сӯ, чӣ зи хатту чӣ зи хол, Он ки аз рӯи ту тарки раҳи савдо накунад. Маҳи ман, парда чу аз рӯй гузорӣ, дигар Маҳ ба рӯят сухан аз дафтари даъво накунад. Ман, ки дорам сари савдои харидории ӯ, Ҷон ба боло диҳамаш, гӯй, ки боло накунад. Фориғ аз зулф ба рӯяш, бинигар Шоҳинро, Ки уқобе ба сараш ояду парво накунад.