Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Он бевафо, ки лутф ба ушшоқ мекунад,

Он бевафо, ки лутф ба ушшоқ мекунад, Худро зи дилбарон ба вафо тоқ мекунад. Эй ринд, агар зи бода кунад манъ муҳтасиб, Ҳаргиз макун, ки пири муғон оқ мекунад. Мискин дилам зи зулфи ту нолад ба хештан, Чун кӯдаке, ки бим зи фаллоқ мекунад. Он гулписар, ки бод димоғаш шакар мудом, Аз васли хеш табъи маро чоқ мекунад. Чобук чу турраи ту набошад ба сайди дил, Аспе, ки ҷандала пайи ӯлоқ мекунад. Хунам хӯрӣ, гузор бар оташ дилам, зи бас Тарвиҳи кори бода қавурдоқ мекунад. Он абрӯи муқаввас агар зеҳ кунад камон, Аввал ба тири ишва маро чоқ мекунад. Хоҳам зи лаъли он бути сарбоз бӯсае, Фарқи сарам ҳавола ба қундоқ мекунад. Уммеди пул макун зи рақиби шумурдабоз, Кори туро ба шилаву шилтоқ мекунад. Ҳар дам матои сабри маро чашми масти ту Ғорат ба сони мардуми Қипчоқ мекунад. Шоҳин, ба дастёрии табъи гуҳарфишон, Доим мадеҳи хусрави офоқ мекунад.