Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Ёри ман бар чеҳра зулфи худ парешон мекунад,

Ёри ман бар чеҳра зулфи худ парешон мекунад, Офтоберо ба зери абр пинҳон мекунад. Гарчи накшояд гиреҳ аз кори шабнам, з-он, ки гул, Ашки ӯро тукмаи банди гиребон мекунад. Дил барад чашмаш зи ман в-он гоҳ биспорад ба зулф, Ҳамчу дузде мезанад роҳеву эҳсон мекунад. Бе туам гар зиндагӣ мушкил бувад, ҷоно, чӣ ғам, Гар сарам охир ба як дам теғат осон мекунад. То занад паймонаи айши ҷаҳонеро ба санг, Он бути паймоншикан бо ҳар кӣ паймон мекунад. Пур мадеҳ коми рақиб аз лаъли худ, к-он носипос Чун намакпарварда шуд, қасди намакдон мекунад. Мемакад ҳар дам сари гесӯи худ аз баҳри тоб, Афъиеро тарбият бо оби ҳайвон мекунад. Эй дил, аз зулфу занахдонаш раҳоӣ мушкил аст, Аз хами занҷир агар растӣ, ба зиндон мекунад. Ҳар киро чун ашк ҷо дар дида дод он бевафо, То ба ҳам мижгон задан бо хок яксон мекунад. Чашми масташ ғорати дил карду зулфи кофираш Шуд парешон, ин магар тороҷи имон мекунад. Ҳарчи аз дасти хазон омад ба ҷони дӯстон, Бар дили Шоҳин ғами ҳиҷрони ӯ он мекунад.