Бингар, ки ёр майл ба ағёр мекунад,
Бингар, ки ёр майл ба ағёр мекунад,
Бар рағми мо ба гуфтаи ӯ кор мекунад.
Оби равон, ки бӯса занад пои сарвро,
Изҳори бандагӣ ба қади ёр мекунад.
Бо ҳар касе ба ваъдаи худ мекунад вафо,
Навбат агар ба мо расад, инкор мекунад.
Резад шакар ба доманаш аз гӯшаи даҳан,
Ҳар кас ҳадиси лаъли ту такрор мекунад.
Нозам ба миъҷари лаби ҷонон, ки вақти хат
Фирӯза аз ақиқ падидор мекунад.
З-он пештар, ки акси ту Монӣ занад рақам,
Монанд акси пушт ба девор мекунад.
Ғайр аз шароби лаъли ту фикри даво хатост,
Он дам, ки чашми масти ту бемор мекунад.
Гуфтӣ: «Маё, ки мекунам аз дидани ту ор»,
Эй ман фидои он, ки зи ман ор мекунад.
Ҷуз фикри турраи ту наёяд ба хотираш,
Шоҳин даме, ки майл ба ашъор мекунад.