Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Сиришки сурхи ман абри баҳорро монад,

Сиришки сурхи ман абри баҳорро монад, Аз он сиришк рухам лолазорро монад. Дилам ҳамерамад аз турраи каҷи ту аз он, Ки неши ақрабу дандони морро монад. Зи сӯзи ғам сари ҳар устухон ба пайкари ман, Ба кунҷи ғамкада шамъи мазорро монад. Шабе, ки мегузарад бар ман аз шиканҷаи ҳаҷр, Ҳамон уқубати рӯзи шуморро монад. Дилам ба кори дигар гашта моил аз васлаш, Бигӯ, ки ваъдаи бӯсу канорро монад. Бадон сифат, ки ҳикоят кунанд Маҷнунро, Мани ситмзадаи хору зорро монад. Зи бас танам шуда аз лоғарӣ чу пайкари чанг, Садои нолаам овози торро монад. Ба ҷои об бубояд гуҳар кунад исор, Агар муҳит кафи шаҳриёрро монад. Фиғони ман ба ҳавои қаду хаёли рухат Навои қумриву савти ҳазорро монад. Зи бахти тира шикоят агар кунад Шоҳин, Бигӯ, ки домани гесӯи ёрро монад.