Лабат ба тарзи табассум даме, ки ханда кунад,
Лабат ба тарзи табассум даме, ки ханда кунад,
Ба ханда халқи ҷаҳонро ба хеш банда кунад.
Рақиб агарчи туро нағз дид, даст мадеҳ,
Ҳаромияст, мабодо, ки кори ганда кунад.
Зи изтироби дилам чашмат ӯфтад дар ноз,
Чу оҳуе, ки рам аз тозуи даванда кунад.
Шифо ба муждаи васли ту ёфтам, тарсам,
Ки интизори қудуми ту боз канда кунад.
Ман аз Худои ҷаҳон ҷуз ту кас намехоҳам,
Туро Худои ҷаҳонам басу басанда кунад.
Ҷаҳон сарову фалак гӯиё саробон аст,
Ки касби нафъ зи ояндаву раванда кунад.
Намехарад ба яке мӯ ҳукумати Кашмир,
Қаландаре, ки зи шоли дарида жанда кунад.
Нахоҳад аз тани ман бурд нанги урёнӣ,
Ҳазор хирқа гарам осмон лаганда кунад.
Бигӯй, то кунад озоди ишқ Шоҳинро,
Ба расми садқа гар озод аз паранда кунад.