Қадам зи бори ҷафоҳои ёр мешиканад,
Қадам зи бори ҷафоҳои ёр мешиканад,
Чу шохи нахл, ки пур шуд зи бор, мешиканад.
Хате, ки медамад аз гирди лаъли мушкинат,
Зи рашк бар ҷигари ғунча хор мешиканад.
Ҳазор кори хато сар занад агар зи рақиб,
Ягон-ягон ба ман он нобакор мешиканад.
Маро ба май зи хумори лабат хуш ояд аз он,
Ки ин хумори майи хушгувор мешиканад.
Зи рӯзгор маҷӯ қадр, агар туро ҳунарест,
Ки қадри аҳли ҳунар рӯзгор мешиканад.
Назар ба чашми ҳақорат ба нақши хокии ман,
Макун, ки санъати устоди кор мешиканад.
Кадом теғ, ки Шоҳин, на аз тариқи ҷафо
Дудаста бар сарам абрӯи ёр мешиканад.