Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Ба гул зи рӯи ту ҳар кас хумор мешиканад,

Ба гул зи рӯи ту ҳар кас хумор мешиканад, Замона дар назараш неши хор мешиканад. Лаби ту равнақи оби ҳаёт мерезад, Хати ту қимати мушки татор мешиканад. Татовуле ки аз ӯ рафт бар дил, ин ҳама чӯб Зи шона бар сари зулфи нигор мешиканад. Ҳадиси ваъз кам аз чӯбдасти Барзӯ нест, К-аз ӯ шақиқаи Исфандиёр мешиканад. Касе назад сухани ҳақ магар, ки чун Ҳаллоҷ, Замона бар сари ӯ чӯби дор мешиканад. Ба ҳайратам, ки чаро муҳтасиб пиёлаи май Нуҳуфта мехӯраду ошкор мешиканад? Масанҷ гуфтаи Шоҳин ба ҳарфи муддаиён, Ки санги хора дури шоҳвор мешиканад.