Дилам ба тоқи баланди ду абрӯят шуда банд,
Дилам ба тоқи баланди ду абрӯят шуда банд,
Чи сон шавад, агар афтад аз ин ду тоқи баланд.
Намуд аз лаби лаъли ту касби ширинӣ,
Ҳадиси ман, ки занад таъна бар ҳаловати қанд.
Фитода ҳалқаи гесӯ ба рӯи наргиси ту,
Чунон ки гардани оҳу кашад касе ба каманд.
Зи зулф бар дили ман ваҳшати дигар мафзо,
Ки нест ҳоҷати қамчин задан ба аспи даванд.
Забон дароз макун бар дили ман, эй носеҳ,
Ки сад занӣ, нахалад бар замини сахт каланд.
Ба як нигоҳ кунад сайди сад ҳазор оҳу,
Шавад савора агар турки ман ба пушти саманд.
Ниҳодаанд ба каф нақди ҷону дил ушшоқ,
Бигӯ, ки нархи яке бӯса аз лабони ту чанд?
Лабат ба ханда фароҳам шавад бад-он хубӣ,
Ки барги лола ба барги дигар диҳӣ пайванд.
Дили рақиб биҷӯиву ёди ман накунӣ,
Чи суд аз он, ки шавад шод ғайру мо гиламанд?
Зи сардмеҳрии айём пайкарам бифсурд,
Худойро, ба ман, эй офтоби ҳусн, биханд!
Замона бар сари шеъри ту ҷон диҳад, Шоҳин,
Ки шуд ба хидмати шоҳаншаҳи замона писанд.