Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Чашми масти ту ба оҳуи ҳарам мемонад,

Чашми масти ту ба оҳуи ҳарам мемонад, Хати сабзи ту ба райҳони Ирам мемонад. Дилаке нест, ки сад пора накарда-ст ба ноз, Абруи ӯ, ки ба шамшери дудам мемонад. Навбати васли ту, эй сарви равон, дамбадам аст, Ки расад бо ман агар, соҳиби дам мемонад. Санги сад ҳодиса бар сар хӯрад аз дасти рақиб, Бар сари кӯи ту ҳар кас, ки қадам мемонад. Дил ба мероси ман, эй симбарон, хуш макунед, Ки зи ман монд, ҳамин дарду алам мемонад. Гар бимонад зи ману ёр ба олам номе, Номи меҳр аз ману з-ӯ номи ситам мемонад. Нест як дам, ки ба доман нафишонад гавҳар, Чашми ман бар кафи арбоби карам мемонад. Ҳаргиз огаҳ нашуд аз сирри муҳаббат зоҳид, Ман надонам ба чӣ ин каллаварам мемонад. Гар Масеҳ аз фалак орад ба ту панди падарӣ, Сухани ӯ ба замин бо ту ба «лам» мемонад. Кафалу соиду соқат ҳама сим аст, чаро Надиҳӣ бо ман аз он сим, ки кам мемонад? Мекунӣ сулҳ ба ғайр, эй писар, имрӯзу пагоҳ, Кулфати маҳзару ташвиши қасам мемонад. Зиндагӣ яксара ранҷ аст, вале осоиш, Муфти он кас, ки дар оғӯши адам мемонад. Ҳар касе рафт, нишоне ба ҷаҳон монад аз ӯ, Лек, Шоҳин, зи ман ин як-ду рақам мемонад.