Эй ҷону дили халқ ба гесӯи ту дар банд,
Эй ҷону дили халқ ба гесӯи ту дар банд,
Равшан зи рухи хуби ту анвори Худованд.
Аз гесуи дилбанд кунӣ банда дили халқ,
Эй банда, дили халқ бад-он гесуи дил банд.
Ҳуре ба масал модару ризвон падар афтад,
Ҳошо, ки ба рӯи қадам ояд чу ту фарзанд.
Қанде набувад чун лаби ширини ту дар Миср,
Себе набувад чун рухи хубат ба Самарқанд.
Талх аст маро коми дил аз сабр, Худоро,
Хуш кун ба шакарханда аз он лаъли шакарханд.
Хурсандии парвона ба дидори чароғ аст,
Шоҳин ба чунин аст зи дидори ту хурсанд.