Гаҳ дилам сӯи хату гаҳ сӯи гесӯ мекашад,
Гаҳ дилам сӯи хату гаҳ сӯи гесӯ мекашад,
Ин дили шайдо маро ҳар лаҳза ҳар сӯ мекашад.
Дид табъи нозуки ман, аз даҳони носеҳон,
Он ҷафоҳое, ки мӯи сар зи поку мекашад.
Хоса гар аз кӯчароҳи бачабозӣ воқиф аст,
Иллату миннат чаро ҳар шаб зи бону мекашад.
Аз миёнаш то сурин ҳайрони ин андешаам,
К-ин чунин кӯҳи гаронеро ба як мӯ мекашад.
Эй рақиб, аз бепулӣ дар пеши он ваҳшӣ ғизол,
Хиҷлате дорам, ки на уштур, на ёбу мекашад.
Гар на ёд аз қомати ӯ мекунад дар бӯстон,
Бар сари сарв аз чӣ қумрӣ бонги «ку-ку!» мекашад.
То магар ёбад нишон з-он ёри ҳарҷоӣ рақиб,
Чун саги хундон дару деворро бӯ мекашад.
Мебарад машшота чун бар нофаи мушки ту даст,
Дуди ҳасрат аз димоғи нофи оҳу мекашад.
Ҳамчу сарв озода аст он кас, ки дар фасли баҳор,
Рахти айшу комронӣ бар лаби ҷӯ мекашад.
Бар сурини нарми ӯ ҳар кас, ки зад паҳлӯи ноз,
Пушт бар болини айшу бистари қу мекашад.
Гар сари Шоҳин фитад бар хоки ин давлатсаро,
Андак-андак бахташ аз иззат ба зону мекашад.