Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Маҳви ҷилвааш гаштам, то рухаш намоён шуд,

Маҳви ҷилвааш гаштам, то рухаш намоён шуд, Рафтам он қадар аз худ, к-ойина ба сомон шуд! Гиряе намесозад манъи инбисоти дил, Ғунчаро куҷо шабнам тугмаи гиребон шуд?! Андак-андак ин уммед дар пайи надомат рафт, Пушти дасти мо кам-кам назри захми дандон шуд. Реша то давонад ток, ҷилвагоҳи ангур аст, Кӯшише ба арз омад, обила намоён шуд. Дар ҳавои васли ӯ дӯш гиряҳо кардам, Қатра-қатра ашки ман дона-дона марҷон шуд. Бе тараддуди асбоб ҳал намешавад мушкил, К-аз кашокаши нохун кори уқда осон шуд. Гашт ҳосили Шоҳин шавкати Фалотунӣ, Баъд аз ин ба Хатлон ҳам гирудори Юнон шуд.