То лаъли туро ханда ба ҳангоми ғазаб шуд,
То лаъли туро ханда ба ҳангоми ғазаб шуд,
Хун гашт, гиреҳ баст, ба табхола лақаб шуд.
Аз марги рақиб ин ҳама ғамгин натавон буд,
Бодо ба фидои ту, ки гар мурд, аҷаб шуд.
Сар то қадамам обила ҷӯшид дар ин роҳ,
То пои ман осуда зи ташвишу тааб шуд.
Ман аз аҷамӣ шиква надорам, ки ба хубӣ,
Ғоратгари ҷону дилам он турки араб шуд.
Ҳар лаҳза дусад шиша шикастем зи мастӣ,
Беҳушии мо гар майи бозори Ҳалаб шуд.
Ҷуз ранҷи таҳассур набарад роҳ ба мақсуд,
Ҳар кас, ки дар ин бодия беҳудаталаб шуд.
Шоҳин, тамаи бӯса намудем, барошуфт,
Берун магар ин шева зи қонуни адаб шуд?