Майи муғона ба бонги чағона хуш бошад,
Майи муғона ба бонги чағона хуш бошад,
Маро ба ин ду фароғ аз замона хуш бошад.
Равоқу манзари чашму дил аст омода,
Карам куниву наёрӣ баҳона, хуш бошад.
Агарчи бодбадастам зи турраи ту, вале
Фитодааст чу дар дасти шона, хуш бошад.
Чи ғам ба холи туам аз хатат, ки сайди ҳарис,
Ба зери дом бувад гарчи дона, хуш бошад.
Чу офтоб, ки шуд равшан аз миёни саҳоб,
Хат аз ду сӯву рухат дар миёна хуш бошад.
Маро таваққуи ком аз камони абруи туст,
Расад чу тири амал бар нишона, хуш бошад.
Ба шеъри ман силаи туст ваъдаҳои дурӯғ,
Зи ту фусуну зи Шоҳин фасона хуш бошад.