Ба пои сарви чаман об агар равон бошад,
Ба пои сарви чаман об агар равон бошад,
Равон ба пои ту, эй сарви ман, равон бошад.
Муҳаббати ту бувад андаруни сина маро,
Бад-он масоба, ки зар андаруни кон бошад.
Ба ҳеҷ ҷо нарасад нолае, ки мӯҷиби он
Ҷафои наргиси макҳули дилбарон бошад.
Бипӯш, чеҳра зи ағёр з-он, ки чеҳраи хуб,
Ҳамон беҳ аст, ки аз чашми бад ниҳон бошад.
Агар зи арши барин бигзарад, сазовор аст,
Саре, ки фарш бар ин хоки остон бошад.
Биё, ки бе гули рӯи ту кунҷи зиндон аст,
Агарчи кулбаи ман саҳни бӯстон бошад.
Ба як-ду рӯза ҷафое, ки аз ту Шоҳин дид,
Дил аз ту барнаканад, шояд имтиҳон бошад.