Ё Раб, он абруи пайваста саломат бошад,
Ё Раб, он абруи пайваста саломат бошад,
Рухи чун гул, лаби чун баста саломат бошад.
Вақти он шуд, ки хат андар лаби ту ҷой гирифт,
Чашми шаҳло ба мани хаста саломат бошад.
Гар зи мо, камбағалон, он бути сарбоз гурехт,
Рӯзи машқи таҳи гулдаста саломат бошад.
Рӯзаке домани васли ту фитад дар чангам,
Гар лаби ҳавзу сари раста саломат бошад.
Гӯ, маяфкан ба сарам соя дигар, сарви сиҳӣ,
Бо ман он қомати барҷаста саломат бошад.
Мекушад бар ситаму ҷавр, ки ояд зи фироқ,
Гар ба Шоҳин дили хунбаста саломат бошад.