Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Оҳ аз он чашм, ки теғи нигаҳаш хун резад,

Оҳ аз он чашм, ки теғи нигаҳаш хун резад, Хун кунад сад дилу аз ҳар мижа берун резад. Бе ту, боз ой, ки дар кунҷи ғамам хуни сиришк Аз сари ҳар мижа монандаи Ҷайҳун резад. Ҳусни Лайлӣ гар аз ин қисм кунад пардадарӣ, Рӯзаке ношуда оби рухи Маҷнун резад. Ашки худ, то нашавад фош ба мардум розам, Мекунам ҳифз, надонам ба чӣ афсун резад. Қомати хамшуда бар қатъи ҳаёт аст далел, Сақфи кошона агар бишканад, устун резад. Ҷуз ба май доғи риёро натавон шуст аз дил, К-ин на чиркест, ки аз ҷома ба берун резад. Рост бар соғари ушшоқи ту хоҳад афтод Санги ҳар ҳодиса з-ин гунбади вожун резад. Аз дили сӯхтаам кош кунад майли газак, Он, ки дар соғари зар бодаи гулгун резад. Бесабаб наргисаш аз хоб ба шаб боз нашуд, Хоҳад ин турк, ки хунам ба шабехун резад. Ҳар касе дида саводи қалами Шоҳинро, Вола гардад, ки дигар тарҳу чӣ мазмун резад.