Маро ба хотир аз ин навъ орзу гузарад,
Маро ба хотир аз ин навъ орзу гузарад,
Ки аз ниёми туам теғ бар гулӯ гузарад.
Маро ба сирри миёни ту нест ҳадди вуқуф,
Агарчи диққати андешаам зи мӯ гузарад.
Ҳамеша пеши камони ту мениҳам сари хеш,
Магар хаданги ту рӯзе аз ин кадӯ гузарад.
Маро зи файзи бузургон бувад таваққуъ аз он,
Ки оби баҳр талотум кунад, ба ҷӯ гузарад.
Ба чанги муҳтасиб афтад агар гиребонам,
Мабод дасти ман аз домани сабӯ гузарад.
Аз ин зиёда макаш арра бар сарам, гардун,
Раво мадор, ки нахли ман аз нумӯ гузарад.
Сазад ба хеш тафохур кунӣ аз он, Шоҳин,
Кам аст, чун ту сухансанҷи нуктагӯ гузарад.