Чӣ ҷафоҳо, ки ба ман он бути танноз накард,
Чӣ ҷафоҳо, ки ба ман он бути танноз накард,
Ҷӯрагӣ бо дигарон карду ба ман ноз накард.
Ҳеҷ гоҳе нашудаст ин, ки ба иғвои рақиб
Ҳар куҷо дида маро, арбада оғоз накард.
Панҷаи толеи ман монда магар дар таҳи санг,
Ки шабе тугмаи он банди қабо боз накард.
Дар хами турраи шабранг диламро чу улоқ,
Чӣ тақимҳо, ки ҳамон турки чапандоз накард.
Нақши матбӯи ту Монӣ натавонист кашид,
Турраи ҳур агар ҷои пари қоз накард.
Он чи чашму лабат омӯхта, Ҳорути Масеҳ
З-ин мамар шуъбадаву з-ин қабил эъҷоз накард.
Ба харидории васли ту зи бас камбағалам,
Мани савдозадаро кас ба худ анбоз накард.
Толибе нест, ки он ҳилагар аз ваъдаи хом
Бӯсае дода ба найрангу шатал гоз накард.
Нафасе нест, ки дар бораи Хусрав, Шоҳин,
Аз таҳи ҷону дил оҳанги дуо соз накард.