Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Чашми бадмасти ту гар қасди ҳалокам дорад,

Чашми бадмасти ту гар қасди ҳалокам дорад, Лек мижгони ту дар сояи токам дорад. Завқи гул кардани ҳарф аз даҳанат мерезад, То куҷоҳо сари фитрат ба мағокам дорад. Тарзи шӯхӣ бинигар, мурдаму он тифл ҳанӯз, Бозии бӯлъаҷабе бар сари хокам дорад. Накашам туҳмати касрат, ки зи олоиши ғайр Сайқали меҳри ту чун ойина покам дорад. «Насри талқин»-и ҳарифон нашунуд он, ки ба ноз Гӯш бар замзамаи нағмаи «Рокам» дорад. Аз саро дамдама то фарқи Сурайё чидам, Гар самак тантана то авҷи Симокам дорад. Таъна, Шоҳин, ба шақоиқ занадам доғи ҷигар, Ханда бар ҷайби ҷунун синаи чокам дорад.