Нигори ман, ки зи чини ҷабин табассум кард,
Нигори ман, ки зи чини ҷабин табассум кард,
Тараҳҳумест, ки дар пардаи тазаллум кард.
Зи ҷайби ҳар гули ин боғ медамад сад чок,
Кадом ғунчадаҳан як саҳар табассум кард?
Ҳазор мавҷ хурӯшидам он сӯи ҳастӣ,
Зи худ бурун натавон он қадар талотум кард.
Чу зоҳид аз пайи оби вузӯ чӣ даст барам,
Ба хоки пои ту мебоядам таяммум кард.
Шикаста шаъни садаф ибрати сухансанҷӣ,
Ки рехт мавҷи гуҳар, ҳар куҷо такаллум кард.
Ҳуҷуми доғу ғами меҳри чеҳри моҳрухе,
Чу чархи синаи моро бисоти анҷум кард.
Чӣ нисбат аст ба Бедил камина Шоҳинро,
Ки қатраро натавон ҳаминони қулзум кард.