Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

То дил ҳавои сабр, на савдои боғ кард,

То дил ҳавои сабр, на савдои боғ кард, Яъне, ки ишқ аз ду ҷаҳонам фароғ кард. Бошад чи сарфа замзамае андалебро, Он ҷо, ки зоғ зеру баму коғ-коғ кард. Он хол нест сонеи қудрат ба ҳусни сунъ, Баҳри нишона бар рухи хуби ту доғ кард. Хуни диле, ки буд ба яғмои дида рафт, Мино ҳар он чи дошт, нисори аёғ кард. Шоҳин, гар аз назири ту ҷӯяд касе суроғ, Бояд даруни байзаи анқо суроғ кард.