Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Қурбони ту ҷонам, кӣ маро аз ту ҷудо кард?

Қурбони ту ҷонам, кӣ маро аз ту ҷудо кард? Боре, зи кафам домани васли ту раҳо кард. Лаъли ту табиб аст, дили ғамзада бемор, Эй кош, бар ин ғамзада лаъли ту даво кард. Як лаҳза набуд аз дили ман зулфи ту фориғ, Акнун шудамаш сайд, фаромӯш чаро кард? Ҷавре, ки зи андози нигоҳи ту қазо монд, Як-як ба ман абрӯи сиёҳи ту қазо кард. Эй чашму чароғи ҳама, донӣ, ки ба ҷонам, Чашмони сиёҳи ту ба ҳар ғамза чиҳо кард? Шоҳин, гули мақсуд мачинод аз ин боғ, З-он дилбари гулчеҳра маро ҳар кӣ ҷудо кард.