Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

З-он шӯхи шарархӯ, ки касе ком надорад,

З-он шӯхи шарархӯ, ки касе ком надорад, Ку сӯхтае, то тамаи хом надорад? Чун кӯдаки инҷиқ, ки кунад алла ба алвонҷ, Ҷуз дар хами зулфат дилам ором надорад. Зоҳид, зани ту аз таҳи дарвоза намерафт, Чун шуд, ки гузоре ба лаби бом надорад? Холу рухи ӯ дида зи зулфаш машав эмин, Ин дона ба дунбола магӯ дом надорад. Эй соқии гулрух, лаби майгун, ки ту дорӣ, Кайфияти он лаб майи гулфом надорад. Дерест, ки дар кӯи ту, эй бехабар аз мо, Қосид бари мо н-ояду пайғом надорад. Аз нашъаи ишрат ҳама афсурдадимоғанд, Ҷам низ дар ин базм сари ҷом надорад. З-инъом чӣ пурсӣ, ки дар ин аҳд кирокаш Мушти алафе ҷониби инъом надорад. Як бӯса дилам аз лаби ту карда гадоӣ, Гӯ зуд бидеҳ, тоқати ибром надорад. Сӯфӣ, тарафи савмаа каш байтали худро, Ҳуш дор, ки майхона раҳи ом надорад. Номи ҳама кас бурдиву коми ҳама додӣ, Шоҳин магар, эй тӯраписар, ном надорад?