Уқоб тири ту чун шаст аз камон бихӯрад,
Уқоб тири ту чун шаст аз камон бихӯрад,
Навола аз дили ушшоқи нотавон бихӯрад.
Гарам ғами ту диҳад даст чун таоми лазиз,
Дили гурусна ба сад дасту сад даҳон бихӯрад.
Ҳалол бод шароби ақиқ он касро,
Ки нуқлро зи лаби лаъли дилбарон бихӯрад.
Зи лаб зулол деҳ аз холи дона бо дили ман,
Ки мурғ ром шавад, он гаҳ обу дон бихӯрад.
Маро зи дарду балои ту нест роҳи гурез,
Балои ту ба дилу дарди ту ба ҷон бихӯрад.
Ғами ту мурғи диламро чу бози ишкамсер
Нафас-нафас бигузорад, замон-замон бихӯрад.
Ба сурх кардани лабҳои хеш лахти дилам
Нигори сангдили ман чу барги пон бихӯрад.
Агар ғами дили Шоҳин намекунӣ бовар,
Қасам ба ҷони ту, эй сарви навҷавон, бихӯрад.