Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Сунбул аз печу хами турраи ӯ тоб хӯрад,

Сунбул аз печу хами турраи ӯ тоб хӯрад, Сарв пеши қади ӯ бар лаби ҷӯ об хӯрад. Эй шакарлаб, ҳаваси рӯи ту дар сурати субҳ Меҳр дӯғест, ки дар косаи маҳтоб хӯрад. Дудмони караманд ин ду, чӣ қозӣ, чӣ раис, Ихтиёр аст, чӣ саҳбову чӣ дӯшоб хӯрад. Ибрат омӯз зи танбӯр, ки Шоҳин, созад Нола дар парда, агар захмаи мизроб хӯрад.