Гирди моҳат, ки хати ғолиягун мегардад,
Гирди моҳат, ки хати ғолиягун мегардад,
Бар мани дилшуда сармашқи ҷунун мегардад.
Соқи симини ту моҳист, кафал чашмаи нур,
Турфа моҳист, ки аз чашма бурун мегардад.
Воқиф аз субҳи шафақ гаштаму в-аз дояи чарх,
К-аз ҳасад шир ба пистони ту хун мегардад.
Ҳалқаи нуни хати рӯи туро нозам аз он-к,
Моҳ чун нуқта дар он ҳалқаи нун мегардад.
То танам ин ҳама аз мӯи миёни ту забун,
То дилам аз даҳани танги ту хун мегардад.
Гар на ошиқ сари зулфайни ту бо сад хаму печ,
Ба чӣ умед зи дунболаи кун мегардад.
Ба лаби чашмаи ҳайвон чу Хизр, Шоҳинро,
Хати сабзи ту маро роҳнамун мегардад.