Бӯса аз лаъли туам дар ивази ҷон афтод,
Бӯса аз лаъли туам дар ивази ҷон афтод,
Буд ин кола гарон, шукр, ки арзон афтод.
Хортар пеши сари зулфи ту ҷону дили мост,
З-он зару сим, ки дар дасти каримон афтод.
Дили ман аз занаху зулфи ту чун Юсуфи Миср,
Гарчи аз чора бурун гашт, ба зиндон афтод.
Хату холи ту ба лаб то ба сари оби ҳаёт –
Хизру ҳиндубачае дасту гиребон афтод.
Арғувон аз шафақи чеҳраи гулнори ту шуд,
Хирмани оташ аз он рӯ ба гулистон афтод.
Суфтам аз мисқаби алмос, кашидам бар гӯш,
Дурри ҳар нукта, ки з-он ҳуққаи марҷон афтод.
Дили Шоҳин ба хами зулфи ту дорад таслим,
Чӣ кунад, гӯй, ки андар хами чавгон афтод.