Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Хатти мушкини ту сабзу лаъли гавҳарбор сурх,

Хатти мушкини ту сабзу лаъли гавҳарбор сурх, Рост чун тӯтӣ ба хунам кардаӣ минқор сурх. То ту боз оӣ, ба хуни дил сарои дидаро Кардаам аз хомаи мижгон дару девор сурх. Нест боке, гар ба хунам сурх шуд чашми ту, лек Офати бемор бошад чеҳраи бемор сурх. Сурхии рухсори ман набвад далели ишрате, К-ин қадар аз ашки хунин кардаам рухсор сурх. Мехӯрад зоҳид фиреби зуҳд, Шоҳин, ғунчасон, Дар қабои сабз дорад ҷомаву дастор сурх.