Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Изо таҳоҷамака л-ҳумму фашраб ал-ақдоҳ,

Изо таҳоҷамака л-ҳумму фашраб ал-ақдоҳ, Фарубба мушкилу инҳалла мин зуҷоҷати роҳ. Ба ёди зулфу рухаш нагзарад шабе бар ман, Ки хуни дида нарезам зи шом то ба сабоҳ. Магӯ, ки дарди ғамаш дар дил аз куҷо омад, Раъайту фи л-ҷусаси кайфа йанфаду л-арвоҳ. Хати рухат, ки аз он сеҳри Сомирӣ варақест, Лақад раоҳу фаалқо л-Калим би л-алвоҳ. Ба дасти пири муғон тавба кардаам зи вараъ, Фамо аъӯду лав анбоқ ҳуссамати н-нассоҳ. Маро забони ту, носеҳ, чунон халад дар дил, Ки нештар ба ҷароҳат фурӯ барад ҷарроҳ. Зи рӯи ӯ талаби бӯса то ба кай, Шоҳин? Чу возеҳ аст талаб, нест ҳоҷати эзоҳ.