Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Ба зулфу рӯи ту хунам чунон шудаст мубоҳ,

Ба зулфу рӯи ту хунам чунон шудаст мубоҳ, Ки ҳеҷ як нагузоранд шомро ба сабоҳ. Зи шавқи кӯи ту поям намерасад ба замин, Фанаҳну индака тайран, латайра ғайри ҷаноҳ. Ту ҳамчу рӯҳ маро дар бар омадӣ, лекин, Рақиб мерасад аз пай чу қобизи арвоҳ. Шуда-ст бе маҳи рӯи ту чашми ман баҳре, К-аз ӯ ба киштӣ нӯҳ чарх бигзарад маллоҳ. Биёву сулҳ бад-ин маслиҳат бикун, зоҳид, Ману тариқати риндӣ, туву тариқи салоҳ. Нагашта субҳ шаби васл, бонг кард хурӯс, Лақад зарабтуҳу ё айюҳа р-рақиб фасоҳ. Намекунам тамаи фатҳ аз касе, Шоҳин, Зи бас ба ганҷи маонист килки ман мифтоҳ.