Хатат нишони ривоҷу рухат мисоли сабоҳ,
Хатат нишони ривоҷу рухат мисоли сабоҳ,
Ба ёди ин ду манам фориғ аз сабоҳу равоҳ.
Зи нофа мӯи ту хуштар ба ҷоъилу з-зулмот,
Зи моҳ рӯи ту беҳтар ба фолиқ ул-исбоҳ.
Зи ганҷи хонақаҳам дил гирифт, эй сӯфӣ,
Ба боми майкада зан баъд аз ин салои фалоҳ!
Арӯси тавба диҳам гар талоқ, маъзурам,
Маро ба духтари раз баски додаанд никоҳ.
Битоб нури камол аз мушаббакоти вуҷуд,
Ки ҳаст садри ту мишкот, дил дар ӯ мисбоҳ.
Хатои хеш дар он боргоҳ арза диҳам,
Ки мекунанд хатои нарафтаро ислоҳ.
Қадам ба водии исён агарчи зад Шоҳин,
Мабанд бар рухи ӯ боби тавба, ё фаттоҳ!