Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Эй ситонида ба ҳусн аз ҳамаи хубон боҷ,

Эй ситонида ба ҳусн аз ҳамаи хубон боҷ, Каҷкулоҳон пайи таъзим туро дода хироҷ. Сурма шуд гарди суми тавсани ту Қайсарро, Аз ғубори дарат Искандару Хоқонро тоҷ. Бошам аз дарди ғаму ҳаҷри ту озурда чунон, Ки набошад ба ҷуз аз доруи васли ту илоҷ. Ҳамчунон гашта зи ғам пайкари ман нарму ҳарир, Пахтаро мегузаронад зи ҳалоҷӣ ҳаллоҷ. Мутанаъим шуда Шоҳин зи ғуломии дарат, В-арна мебуд ҳама умр ба ноне муҳтоҷ.