Аз чашми ту кардем ба абрӯи ту он баҳс,
Аз чашми ту кардем ба абрӯи ту он баҳс,
К-аз бодапарастон ба ҳилоли рамазон баҳс.
Бо абрӯву мижгони ту ҳарфе натавон зад,
Аз бас кунад охир ба хадангу ба камон баҳс.
Аз шӯхии наргис нарамад чашми ту, к-аш нест,
Бар хотири устод зи шогирди гарон баҳс.
То ҳақ тарафи кист, Худоро, ки намудем,
Ман бо сари кӯи туву зоҳид ба ҷинон баҳс.
Н-орад ба дами сарди ту, носеҳ, дили ман тоб,
К-аз ғунча муҳол аст ба сармои хазон баҳс.
Аз бозуи пирӣ, ки ба тадбир тавоност,
Саҳл аст ба сарпанҷаи нерӯи ҷавон баҳс.
Гуфтам зи лабат бӯсам, дашноми даҳан дод,
Шоҳин, беҳ аз ин нест ҷавобе ба чунон баҳс.