Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Эй хотирам ошуфтаи гесӯи сиёҳат,

Эй хотирам ошуфтаи гесӯи сиёҳат, Бечора дилам волаи рухсори чу моҳат. Нозук дили ман чун кунад, эй наргиси ҷонон, К-аз ҷавшани ҷон мегузарад тири нигоҳат. Бошад, ки ниҳӣ по ба дилу дидаи ман ҳам, Фарш аст дилу дидаи ман бар сари роҳат. Гар масъалаи ишқ надонад, гунаҳе нест, Муфтӣ, ки нахонда ба ҷуз асбоби фақоҳат. Дар ваҷҳи ҳусн гарчи парӣ шуҳраи даҳр аст, Аммо нашунидем ба ин ҳусну малоҳат. Меҳрам бифизояд ба ту, ҳар бор ки бинам, Он донаи холе, ки бувад меҳри гиёҳат. Аз чашми бади халқ бад-ин ҳусн, ки дорӣ, Пайваста Худованди ҷаҳон бод паноҳат! Эй кишвари хубӣ ба ту гардида мусаллам, Ту шоҳиву хубони ҷаҳонанд сипоҳат. Шоҳин, туӣ он сӯхтадил бе рухи он моҳ, Аз хӯшаи Парвин гузарад шуълаи оҳат.