Дилбаро, ороми дил ё роҳати ҷон хонамат,
Дилбаро, ороми дил ё роҳати ҷон хонамат,
Баски зебоӣ, туро ҳам ину ҳам он хонамат.
Бо чунин ҳусне, ки чашми ошиқон ёбад фурӯғ,
Офтоби базм ё шамъи шабистон хонамат?!
Қиблаи аҳли вафо ё Каъбаи арбоби шавқ,
Лафз бисёр аст, худ гӯ, то бад-он сон хонамат.
Ваъдаҳо кардӣ, вале осори он зоҳир нашуд,
Сахттамкин гӯямат ё сустпаймон хонамат?
Ман намегӯям, ки сарви гулшанӣ ё нахли боғ,
Бо қадат ин ҳардуро ҳам рост натвон хонамат.
Лаб ба шаккархандае бикшову дар тан ҷон бубахш,
То зулоли салсабилу оби ҳайвон хонамат!
Ё фурӯғи дида, ё меҳри фалак, ё шамъи базм,
Он чи зебад бо ту, худ гӯ, то ки он сон хонамат.