Маро чу шона бибояд ба каф ҳазор ангушт,
Маро чу шона бибояд ба каф ҳазор ангушт,
Ки то барам ба хами турраи нигор ангушт.
Ҳанӯз як ваҷабам аз ту ҷои дурӣ нест,
Агарчи риши ту шуд бар зақан чаҳор ангушт.
Касе, ки даст ба зулфи ту зад далерона,
Шигифт нест барад бар даҳони мор ангушт.
Агар ба гул нигарам бе рухи ту дар гулшан,
Занад ба чашми ман аз роҳи таъна хор ангушт.
Ғамат харош диҳад решаҳои ҷони маро,
Чунонки мутриби ҳозиқ занад ба тор ангушт.
Фалак барои ҳаводис агар амин талабад,
Кунад ба сӯи ман, албатта, рӯзгор ангушт.
Магар ҳисоби ғаму дард мекунад маълум,
Қадам, ки хам шуда чун аз пайи шумор ангушт.
Пас аз вафоти ту, Шоҳин, суханварон сӯзанд,
Ба ҷои шамъ туро бар сари мазор ангушт.