Эй лабат шакарфишону турраат анбарсиришт,
Эй лабат шакарфишону турраат анбарсиришт,
Талъати хуршед пеши хубии рӯи ту зишт.
Ҷазбаи ишқи ту берун мекунад аз роҳи шавқ
Зоҳидонро аз савомеъ роҳибонро аз куништ.
Он на хуршед асту маҳ, к-аз ҳайрати ҳуснат сипеҳр
Мезанад ҳар рӯзу ҳар шаб, эй санам, дар сина хишт!
Бо чунин ҳусни диловезе, ки, ҷоно, мар турост,
Не фаришта аз фалак хезад, на ҳуре аз биҳишт.
Хост то чоки гиребони адам созад руфӯ,
Пайкари моро ғамат бориктар аз ришта ришт.
Шарҳи шавқат менавиштам, дидаи хунбор гуфт:
Ҷои сурхиҳош бигзорӣ, ки ман хоҳам навишт.
Ҳар куҷо тухми муҳаббат буд, деҳқони азал
Ҷамъ карду як ба як дар синаи Шоҳин бикишт.