Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Як сару гардан нигори ман чу аз гулшан гузашт,

Як сару гардан нигори ман чу аз гулшан гузашт, Обро оби хиҷолат то сару гардан гузашт. Шамъи иқболе, ки ман афрӯхтам, аз бахти бад Чун шарар дар санг пинҳон аз таҳи доман гузашт. Бо забони чарб ҳар, к-ӯ нарм кард он шӯхро, Метавон гуфтан, ки ҳарфаш аз дили оҳан гузашт. Дил ба завқи холи ӯ аз туррааш маҳрум монд, Аз барои донае ин аблаҳ аз хирман гузашт. Гарчи ҷавшанпӯш шуд дил аз ҳуҷуми доғи ишқ, Захми мижгони чу пайконаш ҳам аз ҷавшан гузашт. Бар дили хунгаштаам охир чӣ раҳм орӣ сипеҳр, Тифли ман, эй доя, аз меъёри парвардан гузашт. Аз дили ман бигзарад, ҷоно, нигоҳи гарми ту, Ҳар замон чобуктар аз барқе, ки бар эман гузашт. Баски дур аз дӯстон хушдил наям аз зиндагӣ, Умри ман пайваста дар андешаи мурдан гузашт. Гӯ наварзад ишқ ҳар кас, барнатобад ҷаври ёр, Ҳар кӣ аз гунҷишк тарсад, бояд аз арзан гузашт. Кас гумон созад зеҳи пироҳанам сурх аст, лек Хуни ман дар интизори теғат аз гардан гузашт. Ҳар кӣ дорад орзуи ном чун санги нигин, Умри ӯ аз ковиши меҳнат ба ҷонкандан гузашт. Нест, Шоҳин, завқи шеърам он қадарҳо, в-арна ман Шоирам чандон, ки натвон дар сухан аз ман гузашт.