Зоҳид ба Каъба гар сару кори намоз дошт,
Зоҳид ба Каъба гар сару кори намоз дошт,
Шоҳин ба хоки пои ту рӯи ниёз дошт.
Дар кӯи фақр ҳар кӣ ғуборе ба сар фишонд,
Бар тахту тоҷи Хусраву Ҷамшед ноз дошт.
Савдои ишқ рутбаи ошиқ кунад баланд,
Маҳмуд буд он, ки ҳавои Аёз дошт.
Дар базми мо нишасту навои Аҷам шунид,
Он кас, ки майли нағмаи хорогудоз дошт.
Афсӯси ҳарфи талху лаби шаккарини ёр
Ҳайф аз даҳони ғунча, ки бӯи пиёз дошт.
Бар тақвӣ эътимод намудан наметавон,
Дил бар намоз, эй, ки ниҳодӣ, «маноз» дошт.
Шоҳин, на фикри мадраса дорам, на хонақаҳ,
Яъне, ки ишқам аз ҳама андеша боздошт.