Ин манам, к-андар сарам ғайри ҳавои ёр нест,
Ин манам, к-андар сарам ғайри ҳавои ёр нест,
Ҷуз ҳавои ёр, оре, ошиқонро кор нест.
Гуфтаӣ: Ҷуз бӯсаву оғӯш дорӣ ҳоҷате?
Худ ҳамедонӣ, нигоро, ҳоҷати изҳор нест.
Қуръаи дониш зи ҳар кишвар ба як кас мезананд,
З-он, ки дар ҳар осмон ҷуз кавкабе бисёр нест.
Дам мазан аз фазлу дониш дар ҳузури зоҳидон,
К-ин харонро ҳосиле ҷуз каллаву дастор нест.
Чашми бемори ту доим хуни мардум мехӯрад,
Чун кунад ин кофари бераҳм, агар бемор нест.
Ҳар кӣ дорад ҳамчу ман нисбат ба он ҳури сафед,
Гӯ: – Туро чун соя ҷое ҷуз таҳи девор нест.
Мекунам такрор васфи ҳусн дар таҳсили ишқ,
Баски шуғле толибонро беҳтар аз такрор нест.
Мекунам ҳар лаҳза бар хатти ту такрори назар,
Баски бо аҳли назар шуғле беҳ аз такрор нест.
Чун ту кам хезад ба зебоӣ зи хубони ҷаҳон,
З-ин ҳама ахтар, бале, ҷуз ҳафт тан бисёр нест.
Мӯкашонам мебарад сӯи ту он зулфи сиёҳ,
Хат маёвар, з-он ки ҳоҷат бо хатти эҳзор нест.
Толибам ман худ ба дашном, эй писар, тезам макун,
Иштиҳо гар соф бошад, ҳоҷати очор нест.
Абри найсон дасти шоҳу килки Шоҳин аст, бидон
В-арна дар олам ҷуз ин ду абри гавҳарбор нест.