Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Дардо, ки дарди ишқи ту дармонпазир нест.

Дардо, ки дарди ишқи ту дармонпазир нест. З-ин дарди бедаво дили моро гузир нест. Ворастае куҷост, ки чун ман ба сад ниёз Дар ҳалқаҳои зулфи камандат асир нест? Набвад муқими хилвати ойина ғайри акс, Яъне, ки ҷуз хаёли туам дар замир нест. Танҳо на ман зи бори ғамат пир гаштаам, Ку навҷавон, ки аз ғами ишқи ту пир нест? Гармиву нармие, ки бувад дар сурини ту, Дар пӯстини қоқуму қурси панир нест. Он талъате, ки аз рухи хубат диҳад фурӯғ, Бар офтоби равшану моҳи мунир нест. На ҳурӣ, на парӣ, на фаришта, на одамӣ, Билҷумла дар латофати ҳуснат назир нест. Ҳар сӯ, ки меравам, ба салом оядам ғамат, Гӯё, ки рӯшиноси ғамат ҷуз фақир нест. Захме, ки аз нигоҳи туам бар ҷигар расад, Бовар кун, эй санам, ки ба пайкону тир нест. Аз баҳри нафъи хеш кунад даллагӣ рақиб, Ин хар агарчи восита бошад, сафир нест. Оҳу ба ҳар диёр фаровон бувад, вале Шоҳин, чу чашми дилбари мо шергир нест.